Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ

varzish

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД - и ноҳияи Дарвоз барои дарёфтии "Ҷоми Наврӯз" мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол байни кормандони идораю муассисаҳо ва аз намуди футбол байни муҳасили муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид.

 

Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ кушода, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пайдо намудани чеҳраҳои варзишӣ мебошад.

 

Мусобиқаҳо дар варзишгоҳи "Авесто-арена" ва толори варзишии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати ба номи О.Кабир баргузор карда мешаванд.

 



Омори сомона

1464053
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
148
1227
5631
1449243
2358
34392
1464053