Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Носирзода Умедҷон Саидҷон

Nosirzoda U S 1 Носирзода Умедҷон Саидҷон - аз январи соли 2024 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор  мекунад

Соли таваллуд: 20 октябри 1981                  

Ҷои таваллуд: ноҳияи Дарвоз

Миллат: тоҷик                                                 

Таҳсилот: олӣ

соли 2002 Донишгоҳи давлатии Туркманистонро (рӯзона) ва  соли 2018   

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос: ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодчӣ

Унвони илмӣ: надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ (озодона)

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ (2010-215), (2015-2020), 2020-2025; вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз 2015-2020. 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст.

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд

Суроға: ноҳияи Дарвоз, деҳаи Қалъаихум, кӯчаи Саидҷон Носир

Рутбаи ҳарбӣ:  Майори эҳтиёт 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2003-2004 - Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2008 - мутахассиси пешбар, мудири бахш, роҳбари лоиҳа дар Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои бахши гидроэнергетика»

Солҳои 2008-2014 - директори генералии ҶСК «Ориён ГЭС»

Солҳои 2014-2018 - муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз

Cолҳои 2018-2024 - муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Аз январи соли 2024 то ҳол - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон


   
   
   
   
   
   


Омори сомона

1185609
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
71
349
848
1180011
3321
18866
1185609