Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

Рӯз 11 феврали соли 2024, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони идораю муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор карда шуд.
Машваратро раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Дар ҷаласа Раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ҷиҳати омодаги ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор кардани чорабиниҳои дар пешистода ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия вобаста ба иҷрои саривақти Барномаву Стратегияҳои давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳолати хуби кори нигоҳ доштани роҳҳои автомобиогард, сохтмони иншоотҳти таъиноти гуногун, ҳисоботҳои оморӣ, тозаву озода намудари маҳали аҳолинишин, идораву муассисаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, омодаги ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот, бунёд намудани боғҳои нав, андешидани тадбирҳои саривақти ба мавсими кишту кори баҳорӣ, риояи интизоми меҳнат, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, пушидани сару либосҳои миллӣ, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот, насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ, ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қароро дода, ба масъулини идораву муассисаҳои ноҳия дастуру супоришҳо дода шуд.