Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 07 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта мустақар буданд, муроҷиат кунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ (муаллими таърих) Абдуллоев О.Х. нишон надодааст, вале  ба муқобили у яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардидааст.

Айни замон Абдуллоев О.Х. дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ аст.

Мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Вазъият дар марз таҳти назорат аст



Омори сомона

1191917
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
13
805
13
1187750
9629
18866
1191917