Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷаласаи назди муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ доир ба рафти иҷрои Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар ВМКБ

jalasa movin

Дар ноҳияи Дарвоз ҷаласаи назди муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ доир ба рафти иҷрои Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар ВМКБ баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияиҳои вилоят, раёсати маорифи вилоят ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Сипас, гузориши Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан шунида шуда, он ҳама натиҷаҳои соҳаи маориф дар ВМКБ бо тариқи ҷадвал нишон дода шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ барои он ҳама норасогиҳо ва камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта, ҷихати ҳарчи зудтар бартараф намудани дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 



Омори сомона

1690376
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
450
954
450
1683093
16642
25707
1690376