Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маъракаи гусели наваскарон дар ноҳияи Дарвоз

nAVASKARON

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз имрӯз дар маркази ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ва иштироки волидайни даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусели наваскарон ба шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷамъомад барои ҳар як оилаи даъватшаванда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз маводи хӯрокворӣ кӯмак расонида шуд.

Сипас, раиси ноҳия ба сухан баромада, ҳамаи даъватшавандагонро барои содиқонаву софдилона хизмат намудан ва ҳимояи марзу буми Ватан раҳнамоӣ намуданд.

Инчунин, ба падару модарони даъватшавандагон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҷавонони бо ору номуси дарвозӣ дар қатори дигар ҷавонони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар рӯзи аввал нақшаро сарбаландона ба анҷом мерасонанд, ки ин нишонаи содиқият ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 




Омори сомона

1463397
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
719
983
4975
1449243
1702
34392
1463397