Имрӯз, яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ - Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар номзадҳои арзанда раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон низ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ба боварии мардум ва вакилони мардумӣ на ҳар кас сазовор мегардад. Интихоби Носирзода Умедҷон Саидҷон ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки ҳақиқатан раиси мардумист ва метавонад бо донишу малакаи роҳбарӣ, ки таҷриба кардааст, дар амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пешрафту рушди ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи сокинони ноҳия саҳми босазо дошта бошад.
Аз номи кормандони Дастгоҳи раис, МИҲД-и ноҳияи Дарвоз ва тамоми мардуми сарбаланди Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷонро барои ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъаи корӣ барору муваффақиятҳои беназирро таманно дорем.